Ин созмони ҳомии ҳуқуқ дар изҳороти худ, ки 16 декабр нашр шуд, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки фишор ба наздикони фаъолони сиёсиро бас кунад.
Пайвандони Кабирӣ 15 декабр хабар доданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ теъдоде аз хешовандони раҳбари ҳизби манъшударо боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Ва ин бозпурсиро сабт намудаанд.
Дар изҳороти Freedom House омадааст, ки истифодаи хешовандони гуруҳҳои сиёсӣ ба ҳайси “гаравгон” бо мақсади тарс додани сиёсатмадорон поймол кардани ҳуқуқҳои аслии инсон ва нишонаи муносибати ҳукумат бо дигарандешон аст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз ошӯби генерали пешин Назарзода, 29 сентябри имсол ҲНИТ-ро созмони террористӣ эълон ва фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ кард. Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои дигари ҲНИТ ҳамдастии худро дар ошӯби Назарзода рад мекунанд.