Ссылки доступа

Таҳдиди ваҳмангез мактабҳои Лос-Анҷелесро баст


Ҳамаи мактабҳои давлатӣ дар Лос-Анҷелеси ИМА рӯзи 15 декабр баста шуданд. Дирӯз як узви шӯрои мактаб тариқи почтаи электронӣ паём гирифтааст, ки мумкин аст ҳодисаи куштори оммавии монанд ба ҳодисаи Сан-Бернардино дар Лос-Анҷелес такрор шавад.

Ин қарор ба зиёда аз ҳазор муассисаи таълимӣ ва бештар аз 640 ҳазор хонанда рабт мегирад. Мақомот муҳтавои таҳдидро шарҳ намедиҳанд, вале қарори баста шудани мактабҳоро барои чораҳои амниятӣ зарур мешуморанд.

Мақомоти шаҳри Ню-Йорк хабар медиҳанд, ки таҳдиди монанд ба Лос-Анҷелосро дарёфт кардаанд, аммо онро ҳамчун як шухӣ пазируфтаанд. Комисари пулиси Ню-Йорк Уилям Браттон гуфт, мақомоти Лос-Анҷелес вокуниши зиёда аз ҳад нишон додаанд. Ба гуфтаи вай, муаллифи таҳдид худро тундгарои исломӣ номида, аммо чанд хатое кардааст, ки ӯро ҳамчун як авбош муаррифӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG