Дар ин мусобиқа наздики 300 варзишгар аз 13 кишвар – Афғонистон, Индонезия, Куриёи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат доштанд.
Варзишгарони навраси тоҷик аз рӯи ҳамаи вазнҳо 9 медал ба даст оварданд. Унвони қаҳрамони Осиё ва медали тило ба Мубориз Мунавваров (дар вазни 68 кг), Мирзошариф Исматов (74 кг), Суруш Каримов (82 кг) ва Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кг) тақдим шуд. Се варзишгари дигар – Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Ёқубҷон Раҳматов (62 кг) ва Рашид Зиёбеков (90 кг) медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ду нафари дигар – Сорбон Латифов (57 кг) ва Салимбек Салимбеков (бештар аз 100 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Миёни занҳо Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) медалҳои нуқра гирифтанд.