Ссылки доступа

«Казпочта» маркаи кайҳоннавард Аимбетовро нашр кард


Идораи миллии почтаи Қазоқистон ё «Казпочта» ба хотири парвози шаҳрванди Қазоқистон Ойдин Аимбетов ба Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ (ИБК) нишонӣ ё маркаро ба муомилот баровард.

Ба иттилои маркази матбуотии «Казпочта», ин марка 300 танга арзиш дошта, ба теъдоди панҷ ҳазор дона нашр шудааст.

Кайҳоннаварди қазоқистонӣ Ойдин Аимбетов дар моҳи сентябри соли ҷорӣ якҷо бо фармондеҳи киштии кайҳонӣ Сергей Волкови рус ва муҳандиси киштӣ, шаҳрванди Дания Андрес Могенсен тавассути киштии кайҳонии "Союз ТМА – 18М" парвоз анҷом дода буд. Бино бар иттилои расмӣ, дар тӯли ҳашт рӯзи парвоз дар ИБК вай дар анҷоми беш аз 10 озмоиш дар бахши таъсири парвози кайҳонӣ ба кайҳоннавардон, бозрасии кайҳонӣ ва таҷрибаҳои физикиву фаннӣ ширкат кардааст.

XS
SM
MD
LG