Ба гуфтаи вай, чораҳои тақвият додани асъори миллӣ ва аз доллар озод кардани иқтисодиёт ба се бахш тақсим шудааст, ки ба ин бахшҳо чораҳои дастрасӣ ва таъмини эътидоли макроэкономика, таъмини афзалияти пули миллӣ бар асъори хориҷӣ, рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва коҳиш додани гардиши сармояи пинҳонӣ шомил мешаванд.
Бино бар иттилои расмӣ, дар Қирғизистон аз ибтидои сол қурби доллар 29% афзудааст. Дар оғози соли 2015 қурби пули миллӣ нисбат ба доллар 58,8 сомро ташкил медод, ҳоло ба 76 сом расидааст.
Бонки миллӣ барои муътадил гардонидани вазъи бозори асъор ба фурӯши доллар дахолат мекунад. Сарфи назар аз талоши Бонки миллии Қирғизистон қурби доллар ва евро дар нисбати сом боло меравад.