Ба гуфтаи вай, Конгресси ИМА тарҳи чунин қонунро омода мекунад. «Ҳоло ин қонун қабул нашудааст, аммо умедворам, ки қабул хоҳад шуд», - изҳор дошт Ҷозеф Байден дар нишасти матбуотии муштарак бо сарвазири Украина Арсений Ятсенюк шоми рӯзи душанбе.
Байден зикр кард, ки роҳбарони Украина бояд тавсияҳои Бунёди Байналмилалии Асъорро ба иҷро расонанд ва «барои идомаи тараққиёти иқтисодиёт дар Украина» бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намоянд. "Ҳукумати Украина бояд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намояд, то ин ки аз имконияти таърихии анҷом додани ислоҳот дар он кишварол истифода барад", гуфт ноиб-президенти ИМА.