«Мӯътақидем, ки рушди нерӯи барқи обӣ дар кишварҳои кӯҳистонӣ омили муҳими пешрафти устувор мебошаду ҳамзамон ба коҳиши чашмраси бухорҳои гулхонаӣ ва ё зараровар ба фазо мусоидат мекунад. Ин кор ба тамоми сайёра таъсири мусбат мерасонад», - гуфт раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев.
Президент гуфт, ки Қирғизистон барои коҳиши тағйири иқлим чанд тарҳи сатҳи миллӣ ва минтақавиро пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи Отамбоев, ба ин иқдомҳо эҳё ва нигаҳдории низомҳои зистмуҳитии кӯҳистонӣ, аз ҷумла бешазорҳо, истифодаи судманди захираҳои обӣ ва роҳандозии технологияҳои сарфаи об шомил мешаванд.