Дар паёми солонааш ба сокинони Қазоқистон, ки имрӯз дар Остона, садо дод, Назарбоев ҳамчунин ба масъалаи Су-24 дахл кард. Вай изҳор дошт, ки ҳавопаймоии русӣ “ба самти Туркия намерафт”, балки танҳо вазифаи худ – мубориза алайҳи терроризмро анҷом медод. Президенти Қазоқистон аз бад шудани муносиботи Туркияву Русия баъди ҳодисаи ҳавопаймо изҳори таассуф кард.
Ҳавопаймои бомбаандози русии Су-24 рӯзи 24 ноябр аз сӯи неруҳои ҳавоии Туркия ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Анқара таъкид мекунад, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии Туркияро рахна карда, ҳушдорҳоро нодида гирифтааст. Кремл мегӯяд, ҳавопаймо аз фазои Сурия берун нарафтааст.
Баъди ин ҳодиса Москва ҳамаи робитаҳои низомиаш бо Туркияро барҳам дод. Президенти Русия Владимир Путин рӯзи шанбе фармони таҳримҳои иқтисодии зидди Туркияро имзо кард.