Олланд аз зарурати таъсиси «иттиҳоди бузург»-и қудратҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бо гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» пуштибонӣ кард. Дар гуфтушунид бо президенти Русия Владимир Путин дар Москва ду тараф созиш карданд, ба он созмонҳои Сурия, ки омодаи мубориза бо террористонанд, зарба назананд.
Владимир Путин аз омодагии кишвараш ба иттиҳоди нерӯ бо Порис дар мубориза бо «душмани умумӣ» хабар дод.
Баъд аз амалҳои терористии 13 ноябр дар Порис, ки 130 қурбонӣ бар ҷо гузошт, Франсуа Олланд талошҳои дипломатиеро барои таъсиси ҷабҳаи муштараки зидди созмонҳои террористӣ оғоз кард. Қабл аз сафар ба Москва вай дар Вашингтон бо президенти ИМА Барак Обама дидор карда, мавзӯи муттаҳид сохтани нерӯҳои байналмиллалиро барои муқобала бо терроризм баррасӣ карда буд.