Пештар, рӯзи панҷшанбе раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар назди сафирони кишварҳои хориҷӣ гуфт, ки Туркия то ҳол барои суқути ҳавопаймои бомбаандози Русия узрхоҳӣ ва пешниҳоди ҷуброни хисорот ҳам накардааст. Дар идомаи суханони қаблан гуфтааш, ки задани ҳавопаймо “зарба аз пушт” буд, Путин таъкид дошт, ки Москва “зарбаҳои хоинона аз пушт” аз сӯйи онҳое, ки шарики мубориза бо терроризм медонист, "мутлақан" дарк карда наметавонад.
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев маҳви ҳавопаймоии русии Су-24-ро «нишони ҳуҷум»-и Туркия ба Русия номид. Вай ба бархе аз ниҳодҳои давлатӣ, ки дар миёни онҳо вазорати нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг, мдораи гумрук ҳастанд, дастур дод, ки дар нисбати Анқара иқдомҳои маҳдудкунанда роҳандозӣ кунанд.