Вакилони порлумони Қирғизистон дар як ҷаласаи паси дарҳои аста масъалаи коҳиши имтиёзҳои худро баррасӣ карданд.
Онҳо ба қароре расиданд. ки танҳо раис ва ду муовинаш соҳиби мошинҳои хидматӣ бошанд ва вакилон аз ин ҳақ маҳрум гарданд.
Ба ин тартиб вакилони порлумон танҳо ёвару мушовир ва имтиёзи соҳиб шудан ба манзили хидмативу табобату истироҳат дар осоишгоҳи давлатиро хоҳанд дошт.
Пеш аз баргузоории интихоботи порлумонӣ фаъолони шаҳрвандӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ хоста буданд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот аз имтиёзҳои вакили порлумон ва мақоми дахлнопазирии он даст кашанд.