Департаменти давлатии ИМА дар огоҳие, ки 23 ноябр пахш кард, изҳор дошт, ки тибқи маълумоти мавҷуда ҷангиёни "Ал-Қоида", "Боку Ҳарам" ва гурӯҳҳои дигари террористӣ ҳамлаҳои наверо дар минтақаҳои гуногун тарҳрезӣ мекунанд. Дар ин ҳушдор аз ҳамлаҳои ахир дар Дания, Фаронса, Малӣ, Нигерия ва Туркия ёдоварӣ шудааст.
"Амрикоиҳо бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёт ҳушёриро аз даст надиҳанд", вазъи атрофро мушоҳида ва аз ҳузур дар маҳалҳои ҷамъомади мардуми зиёд дар фароғатгоҳҳо худдорӣ кунанд, мегӯяд Департаменти давлатӣ.