Ссылки доступа

Ҳавопаймои Русия дар марзи Туркия ва Сурия суқут кард


Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, як ҳавопаймоии СУ-24-и он дар қаламрави Сурия эҳтимолан бо зарба аз замин суқут кардааст.

Вазорати дифои Русия эҳтимоли онро, ки ҳавопаймои русӣ ба ҳарими ҳавоии Туркия ворид шудааст, рад мекунад.

Аммо мақомоти Туркия хабар медиҳанд, ки ҳавопаймои низомӣ баъд аз ворид шудан ба ҳарими ҳавоии ин кишвар аз сӯйи нерӯҳои Туркия зада шудааст. Хабаргузории туркии Anadolu навори видеоиеро пахш кард, ки дар он лаҳзаи аз ҳавопаймо берун партоб шудани ду ронандаи СУ-24 дида мешавад.

Ба иттилои вазорати мудофиаи Туркия баъд аз он, ки ронандаҳои ҳавопаймои русӣ ҳушдори вайрон кардани ҳарими ҳавоиро нодида гирифтанд, ҳавопаймо ҳадафи оташ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG