Дӯстов дар оғози моҳи май нопадид шуд ва дар шаҳр овозаҳое паҳн шуданд, ки вай ҳамдеҳаи Гулмурод Ҳалимов – фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон аст ва эҳтимол дорад якҷо бо Ҳалимов ба Сурия рафта бошад.
Аммо 21 рӯз баъд аз нопадид шуданаш, ҷасади Дӯстов дар дарёчаи Лучоб пайдо гардид. Мақомот мегӯянд, Дӯстов ва се сокини Душанбе дар ҳолати мастӣ хархаша карда, ӯро задаанд ва ба дарёчаи Лучоб партофтаанд.
Додгоҳ ду муттаҳамро бо 4 сол ва як нафари дигарро ба 3 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Ҷӯрабек Дӯстов 46 сол дошт ва 23 сол дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон кор карда буд.