Ссылки доступа

Дар амалиёти Белгия 16 нафар боздошт шуданд


Мақомоти Белгия хабар медиҳанд, ки дар ҷараёни амалиёти шаби душанбе дар робита ба таҳқиқи ҳамлаҳои террористии Порис 16 нафар боздошт шудаанд.

Намояндаи додситони федералии Белгия Эрик Ван Дер Спит имрӯз изҳор дошт, ки дар миёни боздоштшудагони амалиёти дишаба гумонбари асосӣ дар ин амалҳои террористӣ Салоҳ Абдесалом, шаҳрванди Фаронса нест.

Мақомоти Белгия ба далели "сиррӣ будани таҳқиқот" аз пешниҳоди иттилоъ дар бораи ҳувияти боздоштшудаҳо ва айбҳое, ки ба онҳо пешниҳод шудаанд, худдорӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол амалиёти ниҳодҳои қудратӣ идома дорад. Амалиёти шабонаи онҳо дар 19 суроғаи шаҳрҳҳои Брюселл ва Шарлеруа, дар ҷануби кишвар сурат гирифтаанд. Мақомот изҳор доштанд, ки дар ин амалиёт маводи тарканда ва ё силоҳе кашф нашудаанд.

Дар Брюссел сатҳи баландтарини таҳдиди террористӣ ба далели "хатари ҷиддӣ ва ногузири" ҳамлаҳои тарҳрезишуда боқӣ мондааст, изҳор дошт ба хабарнигорон нахуствазири Белгия Шарл Мишел.

XS
SM
MD
LG