Ба гуфтаи духтури навбатдори бемористони вилоятии Ӯш Кубаничбек Максаталиев, ба беморхона 7 нафар муроҷиат карданд, ки бештарашон аз такон хӯрдани магзи сар ва лат дидани танашон шикоят доштанд. Вазъи ду нафар бад аст. Сутунмӯҳраи як зан шикаста, сари зани дигар, ки 15 ҳафта боз ҳомила аст, осеб дидааст.
Субҳи 22 ноябр ҳавопаймоии ширкати қирғизии “Авиа Траффик” дар фурудгоҳи Ӯш садама дид. Тибқи иттилои аввалия ба далели номусоидии вазъи ҳаво ҳавопаймо аз хатти парвоз берун шуда, қанот ва пояи чапаш шикастааст. Ҳавопаймо 148 мусофир ва 5 узви ҳайати ронандагӣ дошт.