Дар ин бора аз маркази матбуотии ВКД-и Қирғизистон кишвар хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод ба маъмурони милитсия дастур шудааст, ки дар сурати ошкор сохтани ҷинояткорони эҳтимолӣ эҳтиёткор бошанд.
Ташкили умури ҷустуҷӯиеро, ки барои таҳқиқи ифшои ин ҷиноят равона шудаанд, раҳбари ВКД Мелис Турганбаев таҳти назорати шахсиаш гирифтааст.
Ҳамзамон ВКД барои иттилоъ дар бораи маҳалли будубоши ҷинояткорон 1 миллион сом ҷоиза ваъда кард.
Ёдовар мешавем, ки нозири минтақавии бахши милитсияи ноҳияи Октябри Бишкек лейтенанти хурд Актилек Абдувалиеви 26 сола шоми 19 ноябр кушта шудааст.
Бар пояи иттилои аввалия Абдувалиев барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ду мардеро манъ мекунад. Онҳо муқовимат нишон дода аз аслиҳаи навъаш то ҳол номаълум ба вай тир задаанд. То тирпарронӣ нозири минтақавӣ тавонистааст, ҳамкоронашро ба кӯмак даъват кунад.