Зимни муроҷиа ба вакилони порлумон нахуствазири Фаронса Мануэл Валс аз эҳтимоли ҳамлаҳои нав, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи химиявӣ ва ё биологӣ ҳушдор дод. Масъалаи тамдиди замони вазъи фавқулода дар кишвар баъд аз силсилаи амалҳои террористӣ дар Порис, ки 129 нафар кушта бар ҷо гузошт, ба баррасии сенат фиристода шуд.
18 ноябр пулиси Белгия дар Брюссел шаш рейди ҷустуҷӯи гумонбар дар иртибот бо яке аз се террористи худкуш дар назди варзишгоҳи «Стат-де-Франс” дар Порисро анҷом дод.