Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳори назар кард.
Вай таъкид мекунад, ки шарти барканории Асад барои муттаҳид кардани талошҳо дар мубориза бо терроризм қобили қабул нест. Тибқи арзёбии Лавров дар мавзеъгирии Ғарб тағйироте сурат гирифта, зеро амалҳои террористии ҳафтаи гузашта дар Порис ва суқуқти ҳавопаймои русӣ дар фарози Миср дар моҳи октябр ба вазъи ақлҳо дар Аврупо ва ИМА таъсир расонидаанд.
Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш тақозои истеъфои Асад дар ҷараён ва ё дар охири ба ном давраи гузариш дар Сурияро идома медиҳанд. Ҳарчанд Москва иддао дорад, ки танҳо мардуми суриягӣ метавонанд тасмим бигиранд, ки рафтани Асад зарур аст ё не.
Қаблан рӯзи сешанбе сухангӯйи Пентагон Питер Кук изҳор дошта буд, ки пуштибонии Русия аз президент Башор Асад бар зарари кор аст.