Маркази зилзила дар қаламрави вилояти Ӯш, дар 8-километрии ҷанубу ғарби деҳаи Чайчӣ, дар 35 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Ӯш воқеъ буд.
Шиддати зилзила дар деҳаҳои Чайчӣ, Қаблан-Кол, Лангар - 3.5 дараҷа, дар деҳаҳои Қизил-Туу, Боз-Караган, Бек-Жар, Кара-Шоро, Баш-Булак - 3 дараҷа, дар деҳаи Қизил-Коргон ва шаҳри Ӯш - 3 дараҷа будааст.
Тибқи иттилои аввалия ин зилзила қурбониву хисорот дар пай надоштааст.
Ба иттилои вазорати корҳои фавқуллода соати 23:29 дақиқаи шоми дирӯз низ зилзила рух додааст. Маркази ин зилзила дар 10 километрии ғарби деҳаи Ийреки ноҳияи Қара-Суйи вилояти Ӯш воқеъ буда, шиддати он ба 7 дараҷа расидааст.