Ҳадаф ин аст, ки наздикон бояд аз ҳоли муҳоҷирон бохабар бошанд ва онҳоро рӯҳбаланд кунанд. Ҳуқуқдонҳои ҷалбшуда ба ин иқдом сокинони маҳаллиро аз ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирон, ки донистани онҳо зимни сафар ба хориҷи кишвар барои кор муҳим аст, огаҳ сохтанд.
Чунин иқдом 16 ноябр дар шаҳри Ҷалолобод баргузор шуда буд. Зикр мешавад, ки дертар ин маърака дар ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки вилояти Ботканд низ баргузор мешаванд.
Ташкилкунандагони ин иқдом «Интербилим», ISEDA, сандуқи «Инсан Лейлек» ва «Мехр Шавкат» бо ҳимояти ICCO Cooperation мебошанд.