Ба эътиқоди Алтаев, пойин бурдани қурби тенге ба "натиҷаҳои ҷудогонаи мусбат барои тавлидкунандагони қазоқ" сабаб шуд, аммо барои соҳибкороне, ки дар тавлидоти онҳо аз маҳсулоти воридотӣ истифода мешавад, пойин бурдани қурби пули миллӣ роҳи ҳал нагашт.
20 август ҳукумати Қазоқистон эълом кард, ки аз нигаҳдории қурби тенге дар мизони муқарраршуда даст мекашад ва ба сиёсати "ҳадафгирии таваррум" мегузарад. Аз моҳи август қурби тенге 63% пойин рафт.