Ссылки доступа

Айбдоршавандаи куштори бонуи тоҷик барои ташхис ба Русия фиристода шуд


Афсари пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли сокини 22 солаи Душанбе Шоира Ҷобирова айбдор дониста мешавад, барои ташхис ба Екатеринбург фиристода шудааст.

16 ноябр як манбаи наздик ба таҳқиқот ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки баъд аз анҷоми ташхиси равонӣ вай ба Тоҷикистон баргардонида мешавад. Манбаъ зикр кард, ки Шербаков нисбати Ҷобирова амалҳои маҷбурии шаҳвонӣ накардааст.

"Миёни онҳо дар мавриди пардохт баҳсе сурат мегирад, ки дар натиҷаи он Шербаков ба духтарак зарбаи сахте мезанад. Сипас ба хотири он, ки Шоира шикоят накунад, ӯро кушта, ба қуттии қоғазӣ меандозаду ба қуттии ахлот мепартояд", - афзуд мусоҳиб.

Ба гуфтаи яке аз хешовандони ҷабрдида, бозрасон хабар додаанд, ки лейтенанти калон Иван Шербаков дар қатли ин духтар иқрор шудааст.

XS
SM
MD
LG