Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ ба зуҳури «имкониятҳои нави сулҳҷӯӣ» дар Сурия умед дорад


Раҳбари ниҳоди корҳои хориҷии ИМА умедвор аст, ки «тағйирёбии зуди ҳодисаҳо метавонанд имкониятҳои наверо дар ҷустуҷӯи сулҳ"-и Сурия ба миён оранд.

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дурнамои музокироти рӯзи шанбе дар Венаро сари қазияи Сурия «дар беҳтарин сурат норӯшан» унвон кард. Аммо ба гуфтаи вай, талошҳои дипломатӣ барои қатъи ҷанг набояд канор гузошта шаванд.

Керрӣ изҳори умедворӣ кард, ки ҳатто агар феълан барои эҷоди сулҳ бархе аз «хиштҳо» намерасад, «тағйири зуди ҳодисаҳо» имкониятҳои наверо фароҳам мекунанд ва аз онҳо бояд истифода бурд.

Керрӣ ин матлабро рӯзи панҷшанбе дар Вашингтон зимни омодагӣ ба гуфтушуниди рӯзи шанбе дар Вена дар мавриди бӯҳрони Сурия матраҳ кард. Музокироти дипломатҳо дар Вена сари қазияи Сурия бояд раванди сиёсии марҳилаи гузаришро наздик орад, ки ба эътиқоди ширкаткунадагонаш имкон медиҳад ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия қатъ шавад, хабар медиҳад Associated Press.

XS
SM
MD
LG