Ссылки доступа

Масимов: Остона Иттиҳоди Авруосиёро тарҳи сирф иқтисодӣ мешуморад


Нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов дар Форуми Остона рӯзи чаҳоршанбе гуфт, кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба унвони тарҳи иқтисодии "ба бахши сиёсӣ" менигарад.

"Қазоқистон ин тарҳро (Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё) пуштибонӣ мекунад, аммо фақат бо амалгароии иқтисодӣ ва бе ягон ҷузъи сиёсӣ. Ин аст мавқеи мо", - иқтибос овардааст маркази матбуотии ҳукумати Қазоқистон аз суханони Масимов.

Масимов ҳамчунин таъкид кардааст, ки Қазоқистон тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупоро идома медиҳад.

"Амалан ҳамаи корҳо анҷом шудаанд ва дар моҳи декабри соли ҷорӣ мо дар назар дорем қарордод дар бораи ҳамкории густарда бо ИА-ро имзо кунем. Бо ИМА мо аз оғоз робитаҳои махсус дорем ва мо мехоҳем ин иртиботро ба чунин шакл идома диҳем", - гуфт Масимов.

Ба ҷуз аз ин Масимов дар бораи аҳамияти ширкати Қазоқистон дар иҷрои барномаи чинии "Як қамарбанд, як роҳ" изҳори назар кард.

XS
SM
MD
LG