Мақомоти Миср дархости коршиносони амрикоиро барои ширкат дар таҳқиқи суқути А-321 бар фарози Синай қабул карданд. Дар ин бора дар барномаи шабакаи телевизионии CNN вазири корҳои хориҷии Миср Самеҳ Шукрӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, коршиносони амрикоии марбут ба ширкати Pratt&Whitney, ки тавлидкунандаи муҳаррикҳи аэробусҳои А-321 аст, дар таҳқиқот ширкат хоҳанд кард. Ба эҳтимоли Шукрӣ дар оянда ба таҳқиқи сабабҳои суқути ин ҳавопаймо метавонанд коршиносони Идораи Федералии Таҳқиқоти ИМА низ ҷалб карда шаванд.
Аэробуси А-321, ки аз Шарм-ул-шайх ба Петербург парвоз мекард, 31 октябр суқут кард. Ҳамаи 224 сарнишини ин ҳавопаймо ҷони худро аз даст доданд. Ширкаткунандагони таҳқиқот қаблан хабар дода буданд, ки сабаби ин суқут метавонад таркиши бомба бошад. Ба навиштаи расонаҳо, дар гузашта дар фурудгоҳи Шарм-ул-шайх мавориди вайрон шудани таҷҳизоти назоратӣ, беэътиноӣ ба ҳангоми бозрасии бори мусофирон ва ҳамчунин иҷозаи интиқоли боғоҷ бо мухаддирот ва аслиҳа бар ивази ришва мушоҳида шудаанд.