Дар Норвегия додгоҳи таҷдиди назар мудири пешини кулли ҳолдинги мухобиротии VimpelComLtd. Ҷо Лундерро аз боздошт озод кард. Дар ин бора агентии норвегии таҳқиқи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ хабар медиҳад.
Лундер 5 ноябр дар чорчӯби таҳқиқи парвандаи ҷиноии марбут ба фасодкориҳои VimpelCom дар Ӯзбекистон боздошт шуда буд. Ба иддаои таҳқиқот барои роҳандозии кори ширкат дар ин кишвар вай ба ширкати Takiland, ки ба духтари президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова марбут медонанд, 30 миллион доллар пардохт кардааст. Худи Лундер иртиботаш ба ин қазияро рад мекунад.
VimpelComLtd. – яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ дар ҷаҳон аз рӯйи теъдоди муштариён маҳсуб мешавад. Ба ин ҳолдинг ширкатҳои мухобиротие шомиланд, ки дар Русия, Италия, Канада, Украина, кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва бархе аз кишварҳои африқоӣ хадамоти алоқа фароҳам мекунанд.