50 миллиони ин маблағ барои харидани таҷҳизоти зиреҳзан, гранатометҳо, минометҳо, аслиҳаи милаш андак ва тирҳо пешбинӣ шудааст.
Намояндагони президенти ИМА Барак Обама хабар доданд, ки бо эҳтимоли зиёд раиси ҷумҳур ин тарҳи будҷаро имзо мекунад. Дар гузашта дафтари раёсати ҷумҳурии ИМА даъватҳо ба мусаллаҳ кардани Украинаро зимни андешаҳои таҳрик дода шудани Русия қабул надошт.
Будҷаи аз сӯйи конгресс тасвибшуда ҳамчунин ҷудо кардани кӯмаки 715 миллион доллариро ба Ироқ барои муқобала бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар назар дорад.