Ссылки доступа

БҶ: Иқтисоди Қирғизистон суботи худро ҳифз кардааст


Иқтисоди Қирғизистон дар 8 моҳи соли 2015 суботи худро ҳифз кардааст. Ин нукта дар гузориши нимсолаи Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст.

Бо вуҷуди зарбаҳои иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, суръати рушди иқтисоди кишвар дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ дар сатҳи 6,8% мондааст.

Ба иттилои ин манбаъ тавлиди тилло 46% афзоиш ёфта, аммо тибқи пешбиниҳо дар моҳҳои боқимондаи соли 2015 рушди ин соҳа ба таври назаррас кундтар мешавад. Ҳамзамон вазъи ногувор дар минтақа ва пасту баланд шудани қурби пули миллӣ интизор меравад ба масрафи дохилӣ ва сармоягузории хусусӣ фишор оварда, дар баробари ин талаботи хориҷӣ низ камтар мешавад. Дар натиҷа интизор меравад ҳаҷми рушд дар маҷмӯъ то 2 дарсад коҳиш ёбад. То моҳи августи соли 2015 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нишондоди таваррум дар кишвар аз 10,5% то 5,8% паст шудааст. Аммо таъсири дастҷамонаи афзоиши харҷи будҷаи давлатӣ ва пойин рафтани қурб ба болоравии нархҳо дар моҳҳои боқимондаи сол метавонад сабаб шаванд. Ба ин далел зарур аст, ки сиёсати сахти қарзиву пулӣ нигаҳ дошта шаванд, омадааст дар гузориш.

Дар гузориш зикр мешавад, ки иқдомоти давлат дар арсаи будҷаву андозҳо ва қарзиву пулӣ дар маҷмӯъ барои нармтар кардани ивазшавии қурби асъор ва талабот зарурӣ буданд.

XS
SM
MD
LG