Намояндаи сафорати ИМА дар Душане хабар дод «Мабус, ки фармондеҳии нерӯҳои баҳрии ИМА-ро бар ӯҳда дорад, дар ҷараёни сафари кӯтоҳмуддаташ бо масъулони сафоратхона барои баррасии масоили ҷонибдории Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз субот ва амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мулоқот анҷом дод».
Мабус аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои шомили минтақаи масъулияти фармондеҳии Ҷанубӣ, Африқоӣ, Марказӣ ва Аврупоии ИМА барои мулоқот бо низомиёни баҳрӣ, нерӯҳои хушкигарди дарёӣ, мақомоти баланпояи низомӣ ва давлатӣ дидан кард», - зикр кард намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.