Ссылки доступа

Киев ва ҷудоихоҳон ҳамдигарро дар вайрон кардани оташбас айбдор мекунанд


Киев ҷонибдорони «ҷумҳуриҳои мардумии» худхондаи Донетск ва Луганскро (ҶМД, ҶМЛ) дар тавсеаи даргирӣ дар шарқи Украина айбдор кард.

Ба иттилои нерӯҳои ҳукуматӣ ҷудоихоҳон шоми дирӯз аз гранатомётҳо ва аслиҳаҳои сабук дар шаҳракҳои Зайтсево, Опитное, Новгородское, Пески ва Гранитное ба самти маҳалли истиқрори низомиён оташ кушодаанд. Авдеевка ва Красногоровка низ мавриди тирпарронӣ қарор гирифтаанд. Аммо дар бораи кушташудагон ва захмиҳо иттилое дода нашудааст.

Дар Киев изҳор доштанд, ки аз 18 октябр то 6 ноябр ҷудоихоҳон 26 бор муқаррароти оташбасро вайрон карда, 350 «тирпарронии иғвогарона» анҷом додаанд. Кормандони маркази муштараки украинии назорат ва ҳамоҳангсозии оташбас дар Донбасс (ММНҲ) бар ин назаранд, ки мақсади ин тирпаррониҳо бадтар сохтани вазъ дар маҳалли даргирӣ ва пешгирӣ аз канор бурдани аслиҳа мебошад.

Дар ҶМД изҳор доранд, ки дар шабонарӯзи гузашта нерӯҳои мусаллаҳи Украина шаш маротиба ба сӯйи қаламрави ҷумҳурии худмухтор тирпарронӣ кардаанд. Ба иттилои ҷудоихоҳон, аз ҷумла шаҳракҳои Спартак ва Зайтсево мавриди зарба қарор гирифтаанд. Дар бораи қурбониён иттилое дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG