Маросими эътои панҷ адад "ҷип" дар маҳалли истиқрори баталони нерӯҳои посдори сулҳи вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи ҷумъаи 6 ноябр баргузор шуд. Дар ин маросим раҳбарияти вазорати мудофиа ва масъулони сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ширкат карданд.
Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағи умумии кӯмак беш аз 1 миллион долларро ташкил додааст.
Сафорати ИМА аз соли 2009 ба ин сӯ ба вазорати мудофиаи Точикистон ба маблағи 6,5 миллион доллар кӯмакҳо кардааст.