Дар мулоқоти Париж ҷонибҳо чанд санадеро имзо карданд, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон.
Дар поёни музокирот санади ҳусни тафоҳуми миёни раиси ҷумҳури Қазоқистон ва президенти Фаронса имзо шуданд; қарордод дар бораи ширкати Фаронса дар намоишгоҳи байналмиллалии ЭКСПО-2017 дар Остона; санади ҳусни тафоҳум дар бораи талошҳо дар арсаи тавсеаи ҳамкориҳо миёни кумитаи кайҳонии Қазоқистон ва маркази миллии пажӯҳишҳои кайҳонии Фаронса; ёддошти тафоҳуми вазорати маориф ва илми Қазоқистон ва вазорати маълумоти олӣ ва илми Фаронса.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон бо сафари расмӣ 5 ноябр вориди Фаронса шуд ва пештар вай бо раҳбарони ширкатҳои бонуфузи Фаронса мулоқот карда, дар он бозаргонони фаронсавиро даъват кард, ки дар хусусисозии корхонаҳои Қазоқистон фаъол бошанд.