Ссылки доступа

Назарбоев ва Керрӣ дар Остона ба дидор расиданд


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мулоқот кард, хабар медиҳад маркази матбуотии дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон.

Дидори Керрӣ бо Назарбоев бидуни ширкати хабарнигорон баргузор шуд. Ҷузъиёти музоқироти сиёсатмадорон хабар дода нашудааст. Ба ин далел рӯшан нест, ки оё дар ин дидор мавзӯи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон баррасӣ шудааст ё на. Тибқи иттилои маркази матбуотии президенти Қазоқистон Назарбоев: дар ин дидор аз ИМА барои "пуштибонӣ аз иқтиқлолият ва рушди иқтисод";и Қазоқистон арзи сипос кардааст. Котиби давлатии ИМА ба маълумоти маркази матбуотии президенти Қазоқистон зикр кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида яке аз бузургтарин сармоягузори Қазоқистон аст. Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии ИМА, ин кишвар ба иқтисоди Қазоқистон ба маблағи беш аз 19 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Котиби давлатии ИМА дар чаҳорчӯби сафари расмиаш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Остона омадааст. Дар нимаи аввали имрӯз вай бо нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ерлан Идрисов мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG