Бар пояи маълумоти расман тасдиқнашуда, ин ҷавони 23-сола метавонад сокини вилояти Ботканди Қирғизистон Аскарбек Андабаев бошад, ки дар гузашта дар яке аз мадрасаҳои шаҳри Бишкек таҳсил кардааст.
Дар видеоии шашдақиқагӣ қариб даҳ ҷавони гуногунмиллатро дидан мумкин аст, ки силоҳбадастанд ва амалиёти Русия дар Сурияро маҳкум карда, ба ин кишвар таҳдид мекунанд.
Султон ном аз хешовандони Аскарбек мегӯяд, ки вай дар яке аз мадрасаҳои Бишкек таҳсил мекард ва сипас шунидааст, ки ӯ ба Сурия рафтааст.
Ахиран дар Интернет навори видеоие пахш шуд, ки дар он ҷавоне қабл аз инфиҷори худ дар БТР гиря мекунад. Дертар мушаххас шуд, ки ин ҷавон шаҳрванди Қирғизистон, сокини 21-солаи ноҳияи Сузаки ин кишвар Бобур Исроилов будааст.