Ссылки доступа

Туркманистон ва Украина гузаргоҳи фаромиллии нақлиётӣ таъсис медиҳанд


Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бунёди гузаргоҳи фаромиллии нақлиётиро тарҳи муҳиме барои рушди ҳамкориҳои ду кишвар унвон кард.

"Фикр мекунам мо имкониятҳои зиёде барои таъсиси гузаргоҳи хуби фаромиллии нақлиётӣ дорем", - гуфт раиси ҷумҳури Туркманистон дар дидор ба раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко рӯзи панҷшанбе дар Ишқобод.

Вай зикр кард, ки ин тарҳ на танҳо барои Туркманистон муҳим аст, балки барои кишварҳои дигар низ ба хотири таъсиси имкониятҳои изофии дурнамои ҳамкорӣ аҳамият дорад.

Порошенко дар навбати худ хостори фаъол кардани ҳамкорӣ миёни ду кишвар шуд. "Ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо навҳаи таърихӣ ва стратегӣ дорад", - гуфт вай.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин ба имкониятҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва башардӯстона таъкид кард, хабар медиҳад Интерфакс-Украина. Ба гуфтаи ӯ, муҳим аст, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, башардӯстона, илмиву фаннӣ ва ҳамчунин дар арсаи маориф рушд дода шаванд.

Дар ин мулоқот имзои бархе аз ҳуҷҷатҳо дар арсаи кишоварзӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва ҳамчунин қарордодҳо миёни донишгоҳҳои ду кишвар дар назар аст.

XS
SM
MD
LG