Қирғизистон, ки барои тақвияти ҳуқуқи инсон, авлавияти ҳуқуқ ва демократия талоши зиёд харҷ мекунад, номзадии худро ба ин мақоми олии СММ пешбарӣ кард. Барои 5 ҷой дар Шӯро аз гурӯҳи кишварҳои осиёиву амрикоии СММ 7 кишвар номзад шуда буд.
Бино бар натиҷаи раъйдиҳӣ Қирғизистон ба узвияти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон пазируфта шудааст. Номзадии Қирғизистон бо дарёфти 147 раъй аз 192 кишвари аъзои СММ ба сегонаи кишварҳои пешгом шомил шудаст.
Қирғизистон ба иҷрои масъулиятҳои худ дар Шӯро аз 1 январи соли 2016 мепардозад.