Ссылки доступа

Дар Москва мудири Китобхонаи адабиёти украинӣ боздошт шуд


Дар Москва баъд аз бозпурсӣ барои 47 соат мудири Китобхонаи адабиёти украинӣ Наталя Шарина боздошт шуд.

Ба иттилои ТАСС бо истинод ба манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ҳангоми кофтукоби рӯзи чаҳоршанбе дар китобхона адабиёти зиёди зиддирусӣ пайдо шудаанд. То ҳол дар ин робита шарҳи расмие пахш нашудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе хабар дода шуда буд, ки хонаҳои истиқоматии Шарина ва раиси Иттиҳоди украиниҳои Русия Валерий Семененко кофтукобҳое сурат гирифтаанд. Ба иттилои онҳо аз манозили ин ду нафар ноқилкунандаҳои электронӣ, китобҳо, маҷаллаҳо ва маводди дигар мусодира шудаанд.

XS
SM
MD
LG