Пештар вакилони ҲСДҚ изҳор медоштанд, ки ҷонибдори аз байн бурдани дахлнопазирии ҳамаи вакилони Жогорку Кенеш ҳастанд ва барои ин овоз медиҳанд. Ба шарте, ки агар ба зидди ин вакилон парвандаи ҷиноӣ боз шуда бошаду қонун барои ин кирдор ҷазо пешбинӣ кардааст.
Бояд зикр кард, ки қабл аз интихоботи порлумонӣ фаъолони шаҳрвандӣ аз ҳизбҳо хоста буданд, ки дар сурати раҳ ёфтан ба Жогорку Кенеш аз маснуияти вакилӣ ва имтиёзҳо даст кашанд.
Дар интихоботи порлумонии 4 октябр ба Жогорку Кенеш 6 ҳизб раҳ ёфтанд. ҲСДҚ 38 курсиро соҳиб шуд, "Республика Ата-Журт" - 28 курсӣ, "Қирғизистон" - 18 курсӣ, "Онугуу-Прогресс" - 13 курсӣ, "Бир Бол" - 12 ва "АтаМекен" - 11 курсиро соҳиб шуданд.