22 октябр додгоҳи Алмато иҷозатномаи маҷаллаи «Адам»-ро бекор кард ва дар мавриди пок кардани саҳифаи ин маҷалла аз Facebook ҳукм баровард. Додгоҳ мегӯяд, маҷалла қонун дар бораи забонро вайрон кардааст.
Дар изҳороти Миятович омадааст, ки: «таҷрибаи номақбули монеъ шудан ба озодии баён ва матбуот дар Қазоқистон бояд бидуни таъхир қатъ гардад». Вай бо ишора ба мавориди зиёди манъи нашрияҳои Қазоқистон ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар солҳои охир, ҳукумати он кишварро даъват кардааст, ки «қонунгузории худро бозбинӣ кунанд, то ки меъёрҳои қонун монеи кори расонаҳо нагардад».