Дар ҷаласаи додгоҳӣ шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла кормандони Шабакаи аввали телевизиони Русия пурсида шуданд. Дар ҳамин ҳол, додгоҳ дархости бидуни навбат пурсидани ягона шоҳиди ҷониби айбдоршавандаро рад кард. Ин шоҳид хоҳари Надежда Савченко – Вера аст, ки қаблан вуруди ӯ ба Русияро манъ шуда буд.
Дар ҷараёни бозпурсии шоҳидони ҷониби айбдоршаванда ҳимоятгарони Савченко муқаррар карданд, ки ду рӯзноманигори кушташудаи рус ҳаққи фаъолият дар ҳудуди Украинаро надоштанд. Ҳамчунин дар либоси онҳо нишонии “Пресса” (расона) навишта нашуда буд, онҳо дар даст танҳо микрофони шабакаи телевизионии “Россия-1”-ро доштанд. Савченко гуфт, рӯзноманигорони русро бидуни таъмини амният “барои наворҳое зебо ба сӯи марг фиристоданд”. Муҳокимаи навбатии низомии украинӣ 28 октябр доир хоҳад шуд.