Дафтари марказии HRW, ки дар Ню-Йорк қарор дорад, дирӯз аз Москва хост, ки дар мавриди ҳалокати эҳтимолии 59 сокини осоишта таҳқиқоте анҷом бидиҳад. Ба иттилои ин созмони ғайриҳукуматӣ дар пайи зарбаи ҳавоӣ ба ҳавлие дар вилояти Ҳумс 46 нафар узви як хонаводаи бузург бо шумули 32 кӯдак кушта шудаанд. Боз 13 нафар сокини осоиштаи дигар ба иддаои HRW зимни зарбаи ҳавоии дуввум дар ин маҳалла кушта шудаанд. Ин ду ҳодиса 15 октябр рух додаанд.
Дмитрий Песков гуфт, ки низомиёни русӣ қабл аз расонидани зарбаҳо мавзеъотро бо дарназардошти «амнияти аҳолии маҳаллӣ» интихоб мекунанд.