Ссылки доступа

Ситораи телевизиони Ӯзбекистон мегӯяд, маъшуқаи Ислом Каримов набуд


Лола Ҳотамова, рӯзноманигори маъруфи даврони шӯравии Ӯзбекистон, ки замоне сухангӯи президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов буд, мегӯяд, овозаҳо дар бораи робитаҳои ошиқонааш бо Каримов сабаб шуданд, ки якбора аз назарҳо ғайб занад.

Дар мусоҳибаи вижаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ Лола Ҳотамова гуфт, баъди нофаҳмӣ бо Ислом Каримов вай аввал аз кор ва баъдан аз Ӯзбекистон рафт. Ҳоло дар ИМА ба сар мебарад. Ҳотамова мегӯяд, маъшуқаи Каримов набуд, аммо таваҷҷуҳи президент ба вай ва фаъолияташ дар солҳои 1990 боиси овозаҳое шуд, ки ӯро аз кор маҳрум кард.

"Ман кадри ҷавон будам, нав корро шуруъ карда будам, ҳоло ҳеч кори бузурге накарда будам, ки сазовори чунин таваҷҷуҳи шахси аввали кишвар шавам. Ба ҷуз ин, он замон дар ҷомеаи Ӯзбекистон масъалаи худшиносӣ дар авҷ буд. Бисёриҳо медонистанд, ки ҳамсари Ислом Каримов рустабор аст. Аз ҳамин хотир, бархеҳо, тавре мегӯянд, "хостро ҳаст пиндошта" фикр мекарданд, ки Каримов ҳамсари русашросар медиҳад ва хонуми ӯзбек мегирад. Ман намедонам, ин овозаҳо аз куҷо сар заданд, аммо натиҷа он шуд, ки ман аз кор ронда шудам", - мегӯяд Ҳотамова.

Вай дар бораи фаъолияташ дар даврони Ислом Каримов мегӯяд, президентро "дар ҷаласаҳо гӯш кардан душвор буд. Вай забони ӯзбекиро хуб намедонист. Ҳатто вақте бо русӣ суҳбат мекард, аз мавзӯи асосӣ борҳо канор мерафт". Аммо Ҳотамова аз Каримов ранҷидааст. Вай мегӯяд, "Каримов ба ҳайси роҳбари як давлати комил тамоми нерӯяшро ба як зани ҷавону танҳое, ки дар даст тифли хурдсол дошт, нишон дод".

Лола Ҳотамова афзуд, то ҳол шаҳрванди Ӯзбекистон буда, ба ватанаш равуо дорад ва аз президенти нави ин кишвар тағйироти мусбатро умедвор аст.

XS
SM
MD
LG