Ссылки доступа

Сокинони беҷошудаи Қазоқистон дар натиҷаи обхезиҳо ҷуброн талаб доранд


Сокинони Кулсараи вилояти Атирауи Қазоқистон, ки дар натиҷаи обхезиҳои ахир зарар дидаанд, шоми 2 май бо талаби ҷуброн дар майдони марказии ноҳияи Жилиойи вилоят ҷамъ шуданд.

Бино ба хабарҳо, шумори таҷаммуъгарон ҳудуди 100 нафар буд. Онҳо ба ҳукумати маҳаллӣ чаҳор шарт гузоштанд. Аз ҷумла барои ҳар метри мураббаи хонаҳои зериобмонда 400 танга пардохт шавад.

Яке аз ҷамъшудаҳо, модари се фарзанд Жазира Кулмуханова гуфт, аз зиндагӣ дар хонаи хешонаш хаста шудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар мақомот бар ивази ҳар метри мураббаи манзилаш, ки ҳоло зери об аст, 400-тангаи пардозанд, ӯ имкон дорад, ки манзили нав бихарад.

Эътирозгари дигар Толкин Кожахметова ҳам изҳор дошт, ки ҳоло дар манзили иҷорае ба сар мебарад ва нигарон аст, зиндагонии ӯ дар онҷо тӯл хоҳад кашид. Ӯ низ мегӯяд, ҳукумт агар ҷуброни гуфтаи онҳоро пардозад, вай соҳиби хонаи нав мешавад.

Ба назди эътирозгарон муовинони раиси ҳукумати Жилиой баромада, ваъда доданд, ки ба соҳибони хонаҳои зериобмонда ҷуброн пардохт мешавад.

XS
SM
MD
LG