Ссылки доступа

Нафақаи пиронсолӣ дар Узбекистон зиёдтар шуд


Ҳаҷми нафақаи камтарини пиронсолӣ аз 1 май дар Узбекистон 4,3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Бунёди нафақаи Узбекистон хабар додааст.

Ба огаҳии ин ниҳод, бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳаҷми нафақаи ҳадди ақали пиронсолӣ ва бепарасторӣ барои як узви маъюби хонавода 648 ҳазор сӯм (51 доллар) муқаррар карда шудааст.

Қаблан Кумитаи омори Узбекистон хабар дода буд, ки харҷи ҳадди ақали истеъмолӣ барои ҳар як шаҳрванди ин кишвар дар моҳи майи имсол 648 ҳазор сӯм (51 доллар) муайян гаштааст.

XS
SM
MD
LG