Ссылки доступа

Қадимтарин нусхаи Қуръонро дар Узбекистон таъмир мекунанд


Қадимтарин нусхаи дастнависи китоби Қуръон, ки бо номи "Қуръони Усмон" маъруф буда, дар асри 7 дар пӯсти оҳу навишта шудааст, таъмир карда мешавад.

Хадамоти матбуотии Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Узбекистон хабар дода, ки барои таъмири китоб мутахассисон аз хориҷ, аз ҷумла Кристи Роуз аз Донишгоҳи Кембриҷ, таъмиргарон аз Фаронса ва Туркия ҷалб шудаанд.

Ба огаҳии манбаъ, мутахассисони хориҷӣ ҳамчунин барои чи гуна ҳифз кардани китоб дар оянда тавсия низ хоҳанд дод.

Нусхаи мазкури Қуръон дар осорхонаи мадрасаи "Муйи муборак"-и шаҳри Тошканди Узбекистон нигаҳдорӣ мешавад. Он бо дастури халифаи севуми Ислом Ҳазрати Усмон ибни Аффон навишта шудааст.

Ин нусхаи Қуръонро Амир Темур дар соли 1375 аз шаҳри Бағдоди Ироқ ба шаҳри Самарқанд овардааст. Он дар мадрасаи Нодир Девонбегӣ нигаҳдорӣ мешуд. Вале соли 1869 генерал-губернатори Туркистон Фон Кауфманг онро ба Санкт-Петербург мебарад. Дертар, баъди инқилоби соли 1917 дар Русия нусхаи Қуръон ба идораи мусалмонони ин кишвар ба шаҳри Уфа интиқол меёбад.

Китоб соли 1924 бо талаби донишмандони Тошканд ва Сирдарё ба Узбекистон баргардонида шудааст.

XS
SM
MD
LG