Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як блогер баъди боздошташ ба додситонӣ шикоят бурд


Самат Исҳоқов, блогер аз Остонаи Қазоқистон хабар дод, ки баъди боздошт шудашан аз сӯи мақомоти қудратӣ дар рӯзи 1 май ба мақомоти додситонии он кишвар шикоят бурдааст.

Рӯзи 1 май Исҳоқовро боздошт карданд ва ба идораи пулис бурданд. Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ӯро дертар аз пулис озод карданд. Ӯро дар маконе боздошт карданд, ки мухолифони Қазоқистон мехостанд, рӯзи 1 май гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.

"Ман мехоҳам пурсам, ки оё боздошти 6-соатаи ман қонунӣ буд ё на. Онҳо чанд маротиба телефони маро тафтиш карданд, ҳеч чизи ғайриқонунӣ наёфтанд. Ҳамаи маълумоти маро тафтиш краданд. Кормандони пулис саҳифаҳои маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафтиш карданд", - гуфт Исҳоқов.

Мухолифони Қазоқистон мехостанд, рӯзи 1 май гирдиҳамоӣ барпо кунанд. Дар бештар аз 10 шаҳру ноҳия ба онҳо иҷоза надоданд, ки қонунан гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Бархе аз фаъолонро дар остонаи гирдиҳамоиҳо эҳтимолӣ боздошт ва 15-рӯзӣ ҳабс карданд.

XS
SM
MD
LG