Ссылки доступа

Вазири пешини корҳои дохилии Қазоқистон ҳабс шуд


Вазири пешини корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар ин бора додситонии кулли он кишвар хабар дод.

Тургумбоев ба "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, ки оқибатҳои сангинро дар пай дорад", муттаҳам мешавад.

"Бо назардошти он ки парвандаи ҷиноӣ маълумоти дорои сирри давлатиро дар бармегирад, ҷузъиёти тафтишоти пешакӣ ошкор карда намешавад", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Расонаҳои Қазоқистон рӯзи душанбе хабар дода буданд, ки Ерлан Тургумбоев дастгир шудааст.

Додситонии Қазоқистон моҳи марти имсол хабар дод, ки зидди кормандони ниҳодҳои қудратии ин кишвар дар робита ба таъмин нашудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 тафтишотро шуруъ кардааст.

Ерлан Тургумбоеви 61-сола 11 январи соли 2022 дар ҳайати ҳукумати нави Қазоқистон курсии вазирии умури дохилиро ҳифз кард. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 25 феврал ӯро аз мақом барканор кард. Тургумбоев чанд моҳ ба ҳайси мушовири ӯ кор кард ва соли 2023 мушовири сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай таъйин карда шуд.

XS
SM
MD
LG